Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт ба истифода дода мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони неругоҳҳо бо иқтидори 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «мо тасмим гирифтаем, ки давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар мамлакат якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем».
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои обро вазифадор намуданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад.
«Барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо неруи барқи доимӣ ва устувор дар баробари бунёди иқтидори нави истеҳсолӣ истифодаи сарфакоронаи неруи барқ низ нақши калидӣ дорад», – изҳор доштанд Сарвари давлат.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки тибқи таҳлилҳо, талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025 31 фоиз зиёд мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






