ХОҶАГИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МЕТАВОНАНД 18 МИЛЛИОН СОМОНИРО САРФА НАМОЯНД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ«Ховар», Зебо Иноятова).- Бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ҷиҳати истеҳсоли 1400 дона чархаки 8 дандонадор барои тухмипошакҳо ба миқдори зарурӣ маблағ ҷудо намуд. Ин иқдом тибқи компоненти сеюми лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ»- Барномаи дастгирии хоҷагиҳо бо мақсади расонидани кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерии вилояти Хатлон ва сарфа намудани маблағ ва пунбадонаи тухмӣ амалӣ гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар бахши иттилоотии муассисаи мазкур хабар доданд, баъд аз ҷудо шудани маблағ «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» бо Муассисаи «Тоҷиктекстилмаш» қарордод ба имзо расонида, дар муддати кӯтоҳ ин чархакҳоро дастраси хоҷагиҳои вилоят гардонид. Бо истифодаи чунин чархакҳо имсол хоҷагиҳои вилояти Хатлон дар мавсими кишти пахта имкон меёбанд, 50% тухмӣ ё зиёда аз 12 ҳазор тонна чигитро сарфа намоянд, ки ин 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






