КОРХОНАҲОИ НАВ БУНЁД МЕГАРДАНД

Апрель 9, 2009 10:25

              Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мувофиқи барномаи ҳукуматии коркарди нахи пахта ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр то соли 2015 дар мамлакат 7 корхонаи калобаресӣ бунёд карда мешавад. Давлат барои тезонидани суръати сохтмони онҳо ба мӯҳлати 12 сол имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар намуд. Корхонаҳои мазкур мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда ба кор дароварда мешаванд.              Аз вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки моҳи июли соли равон корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон «Нику — Хуҷанд», моҳи сентябр Ҷамъияти саҳҳомии «Спитамен» ва охири сол Ҷамъияти саҳҳомии «Хима — Текстил» ба кор дароварда мешаванд. Бояд гуфт, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ имрӯзҳо дар саноати сабуки мамлакати мо низ ҳис карда мешавад.    Таъсири он хусусан ба содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ бештар аст. Зеро нархи хариди нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ хеле паст фуромад.                 Вале баъзе корхонаҳо роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷударо меёбанд. Масалан, корхонаҳои дӯзандагии «Текстил — Сити» ва «Гулистон» ба туфайли омӯҳтани талаботи бозор истеҳсоли навъҳои нави маҳсулотро ба роҳ монданд. Корхонаи дӯзандагии «Сано» — и Хуҷанд низ ҳамин усулро пеш гирифта, истеҳсоли маҳсулотро торафт бештар мегардонад.               Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки имрӯз нархи як тонна нахи пахта дар бозори ҷаҳон 1162 доллари ИМА мебошад, ҳол он ки нархи он як сол пеш 1300 доллари ИМА буд.

Апрель 9, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ