КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ГУВОҲНОМАИ ISO 22000
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду корхонаи коркарди меваву сабзавот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалии ISO 22000 — Низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ гардиданд. Ин корхонаҳо ҶММ «Элита Истаравшан» ва ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» мебошанд ва даст ёфтанашон ба ин комёбӣ дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифтааст. Муовини аввали раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Тӯхтабой Маҳмудов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бозрасӣ (аудит)-и ин корхонаҳо ва додани гувоҳнома аз ҷониби ширкати Det Norske Veritas AS (DNV, Норвегия) сурат гирифта, ширкати мазкур оҷонсии мустақили гувоҳномадиҳӣ мебошад. DNV дар 100 кишвари ҷаҳон 300 дафтар дошта, бозрасии корхонаҳои Тоҷикистонро хонум Сапна Шукла, бозраси дафтари ҳиндустонии ширкати Det Norske Veritas AS анҷом додааст. Бояд гуфт, ки сазовор гаштан ба чунин гувоҳномаи байналмилалӣ имиҷ ва эътибори корхонаҳои мазкурро боло бурда, мавқеъашонро дар бозор боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






