КОРХОНАИ «САНО» БА КОР ДАРОМАД
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҶДММ «Сано»-и шаҳри Хуҷанд то охири соли ҷорӣ барои 400 нафар ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора зимни боздии кории раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз ин корхона сарвари ҶДММ «Сано» Дамир Боев иттилоъ дод. Ин коргоҳ, ки бинобар танқисии молиявӣ чанд сол инҷониб аз кор монда буд, аз нав ба фаъолият шурўъ кард. Аз нав ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаи истеҳсолӣ пеш аз ҳама ба шуғли аҳолӣ, махсусан бонувони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ҳоло дар ин ҷо наздик ба 100 нафар занони маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд. Роҳбари корхона Дамир Боев дар сӯҳбат бо сарвари вилоят изҳор дошт, ки барои фаъолияти мунтазами корхона ва ба ин васила бо ҷои кори доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешаванд ва дар ин ҷо захираҳои зарурӣ мавҷуданд. Айни ҳол корхона аз рӯи фармоиш шимҳои ҷинсии занона, мардона ва бачагона истеҳсол мекунад. Имрӯз дар ин корхона коргоҳи дўзандагӣ амал мекунад ва рӯзҳои наздик дар назар аст, ки коргоҳи маҳсулоти трикотажӣ низ насб гардад, ки маҷмӯан дар ин ду коргоҳ 400 нафар бо кор таъмин мешаванд. Дар давоми ду соли оянда бошад 800 нафар ба кор ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд.