МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ҶИНОЯТ ДАР Ҳ
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси дурӯзаи гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он лоиҳаи Шартнома дар бораи ҷустуҷӯи байнидавлатии ҷинояткорон ва Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтиши таъҷилӣ дар қаламрави давлатҳои ИДМ муҳокима ва мувофиқа карда мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо дар доираи барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки тақвияти мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар давраи солҳои 2008 — 2010 таҳия карда шудаанд.Ҳадафи онҳо такмил ва ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккилона, тафтиш ва фош кардани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои байналмилалӣ мебошад.