МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАИСИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ ОСИЁ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Ин лаҳзаҳо мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи Олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ассабоҳ Алфаҳод давом дорад. Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Кумитаи Олимпии Осиё муҳокима карда мешаванд. Раиси Кумитаи Олимпии Осиё дар фарҷоми сӯҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои саҳми калонаш дар рушди ҳаракати олимпӣ дар қитъаи Осиё Ордени Кумитаи Олимпии Осиёро хоҳад супурд. Хабар дода мешавад, ки Сарвари давлати Тоҷикистон имрӯз бо ҳайати кумитаҳои парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Она Ювкяничен мулоқот хоҳад кард. Тарҷумон — Қудратов А.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






