МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ИДМ ДАР АШҚОБОД

Апрель 10, 2009 09:38

               Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Туркманистон — Ашқобод маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ кушода мешавад. Ба ҳайати Тоҷикистон дар ин маҷлис вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ роҳбарӣ мекунад. Дар маросими кушодашавии маҷлиси мазкур Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сухан хоҳад кард.              Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис қариб 20 масъалаи марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, муҳоҷират, гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва таъмини амният муҳокима карда мешаванд. Дар фарҷоми маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда хоҳанд шуд.              Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафар дар Ашқобод бо Президенти Туркманистон Қ.Бердимуҳаммадов ва иштирокчиёни дигари маҷлис мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Апрель 10, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид