«НАРДБОНИ ОСМОН» ДАР ДУШАНБЕ ВА САМАРҚАНД БАРДОШТА МЕШАВАД
Душанбе.23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тоҷикистон банаворгирии филми «Нардбони осмон» оғоз ёфтФилми мазкур аз ҷониби синамогарони эронӣ дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони тоҷик ба навор гирифта мешавад. «Нардбони осмон» нахустин филми таърихӣ буда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти яке аз донишмандони шинохта ва ситорашиноси маъруф Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ (790-832) нақл мекунад. Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки таҳиягар ва коргардонҳои филми мазкур коргардонҳои шинохта Муҳаммадҳусайни Лафисӣ ва Мӯҳсинӣ Алиакбарӣ мебошанд. Қисматҳои нахустини филм дар шаҳрҳои Кошону Исфаҳон ва Теҳрон ва қисматҳои баъдии он дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд ба навор бардошта мешаванд.








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






