НИШОНДИҲАНДАҲОИ БОНКИ МИЛЛӢ БЕҲТАР МЕГАРДАНД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Маблағгузориҳои қарзӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2009 мӯътадил афзуданд. Бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 31 марти соли 2009 маблағи 5 014,3 миллион сомониро ташкил кард, ки нисбат ба аввали сол 3,2 фоиз зиёд мебошад. Тамоили мусбии қарздиҳӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби зиёдшавии ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ ба даст омадааст. Ҳамчунин, тибқи маълумоти фаврӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзҳои додашуда 984,9 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад ба 830,6 миллион сомонӣ баробар буд, ки 84,3 фоизи қарзҳои додашударо ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта танҳо 63,2 фоизро ташкил намуда буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






