ОБУ БАРҚ ТОБИШИ СИЁСӢ МЕГИРАНД
Душанбе, 6 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Паст шудани сатҳи оби обанборҳои Осиёи Марказӣ метавонад сабаби пайдо шудани мушкилот дар минтақа гардад,- хулоса намудаанд кормандони Барномаи рушди СММ, ки чанде пештар захираҳои оби Тоҷикистону Қирғизистонро аз назар гузарониданд. Аз 1-уми апрели соли 2009 Ҳукумати Осетияи Ҷанубӣ барои оби нӯшокӣ ва оби обёрикунӣ, ки Ҷумҳурии Гурҷистон аз он истифода мекунад, пардохти ҳаққи истифодаи онро талаб кардааст. Дар сурати ҷавоби манфӣ гирифтан интиқоли об аз Осетияи Ҷанубӣ ба Гурҷистон қатъ мешавад. Тибқи хулосаи Бен Слей — коршинос оид ба масъалаҳои иқтисодии Бюрои СММ аҳолии Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон нисбат ба сокинони Амрико ва Аврупои Шарқӣ обро бештар истифода мекунанд. Ин хулосакуниҳо мазмуни онро доранд, ки ҳуқуқи сохтмони силсилаГЭС-ҳо барои Тоҷикистон дар рӯдхонаҳои Вахшу Сирдарё боқӣ хоҳад монд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






