ПРОБЛЕМАҲОИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКАИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Апрель 23, 2009 14:06

                 Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Центр — Азия. Ру ). — Хабару мақолаҳои охирини дар воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, воситаҳои ахбори электронии Осиёи Марказӣ нашршуда шаҳодат медиҳанд, ки дар байни мамлакатҳои минтақа дар масъалаи истифодаи об ва сохтмони иншоотҳои энергетикӣ баҳсу мунозираи шадиди иттилоотӣ давом дорад. Пай ьурдан душвор нест, ки хабару мақолаҳои баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ ҳадаф ва ғарази муайян доранд. Онҳо мехоҳанд дар ин масъала манфиатҳои Ӯзбекистонро ҳимоя карда, «ақидаи аҳли ҷамъият» — ро дар масъалаи истифодаи оби минтақа ба манфиати ин мамлакат равона созанд.                Дар ин бобат суханронии намояндагони мақомоти давлатии Ӯзбекистон дар ҷамъомадҳои калони байналхалқӣ сабаби ташвишу изтироб нагардида наметавонад. Онҳо аз ҷумла, изҳор мекунанд, ки «ҳар гуна амалиёти дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар анҷомдодашаванда набояд ба тавозуни имрӯзаи истифодаи об ва вазъияти экологӣ таъсири манфӣ расонад… Дар акси ҳол, ин сабаби боз ҳам муташанниҷтар гардидани вазъият дар бобати истифодаи об дар мамлакатҳои поёноби дарёҳои Ому ва Сир гардида¸ ҳаҷми фалокати экологии баҳри хушкшудаистодаи Аралро дучанд гардонда метавонад».                 Дар назари аввал, ташвишу изтироби Ӯзбекистонро дар ин масъала дарк намудан мумкин аст. Зеро дар қаламрави он як баҳри бузург хушк мешавад. Ин, бешубҳа, фалокати калони экологӣ мебошад. Вале кӯшишҳои ба зиммаи мамлакатҳои болооби минтақа — Қирғизистон ва Тоҷикистон гузоштани масъулияти фалокати мазкур комилан норавост. Бояд гуфт, ки дар замони шӯравӣ дар қаламрави ин чумҳуриҳо барои зиёд кардани масоҳати киштзори зироатҳои сердаромади пахта ва шолӣ дар мамлакатҳои поёноб иншоотҳои гуногуни энергетикӣ, аз ҷумла обанборҳо ва нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ сохта шуда буданд.                 Яке аз чунин иншоотҳои энергетикӣ дар қаламрави Қирғизистон обанбори Тӯхтагул мебошад. Дар натиҷаи сохта шудани он 28,4 ҳазор гектар замин, аз ҷумла, 21,2 ҳазор гектар замини қобили кишт ва 12,5 ҳазор гектар замини обёришаванда зери об монд. Ин сабаби кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Қирғизистон шуд.                  Ба туфайли сохтани обанбори Тӯхтагул дар дарёи Норин дар Қирғизистон дар Ӯзбекистон масоҳати замини қобили кишт 480 ҳазор гектар васеъ гардида, масоҳати замини обёришавандаи он 800 ҳазор гектар афзуд. Бо ҳамин масоҳати умумии замини кишти пахта ва шолӣ дар Ӯзбекистон ба бештар аз 1 миллион гектар расид.                  Ҳамин тариқ, дар қаламрави Қирғизистон сохта шудани иншоотҳои обию барқӣ танҳо бар зарари он буд. Вале Қирғизистон ҳамон солҳо узви оилаи ягонаи халқҳои Шӯравӣ буд ва ба он ба ивази кам гардидани масоҳати замини қобили кишт аз фонди умумииттифоқӣ кӯмаки калон расонда мешуд. Ин имкон медод, ки талаботу эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ ба озуқа ва қувваи барқ пурра қонеъ гардонда шавад.                  Вале расондани кӯмак ба Қирғизистон баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ гардид. Дар натиҷа ҷумҳурӣ аз таъминоти озуқа ва сӯзишворӣ маҳрум гардида, маҷбур шуд, ки аз иқтидорҳои гидроэнегетикии худ истифода барад. Ҳамаи ин сабаби тағйир додани тартибу низоми истифодаи обанбори Тӯхтагул гардид. Бояд гуфт, ки ин иқдом ба санадҳои байналхалқӣ мухолиф намебошад. Аз ҷумла, дар қатъномаи 1515 Ассамблеяи генералии СММ аз 15 декабри соли 1960 тавсия дода мешавад, ки «ҳуқуқи комили ҳар давлат дар бобати ихтиёрдорӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва табиии он эҳтиром карда шавад». Инчунин дар банди аввали қатъномаи 1803 Ассамблеяи генералии СММ аз 14 декабри соли 1962 гуфта мешавад: «ҳуқуқи халқҳо ва миллатҳо дар бобати ихтиёрдорӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминии онҳо бояд ба манфиати рушди миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии ҳамин давлатҳо истифода бурда шаванд».                  Ҷониби Ӯзбекистон даъво дорад, ки мураккаб гардидани вазъи экологии минтақа аз бисёр чиҳат ба афзун гардидани маҷрои об дар мавсими тирамоҳу зимистон вобаста мебошад. Ин, дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Вале Қирғизистон дар ин бобат гунаҳкор нест. Зеро давлатҳои поёноби дарёҳо бевосита дар наздикии соҳилҳои дарёҳо, ҳатто дар минтақаи ҷоришавии онҳо биноҳои истиқоматӣ ва корхонаю муассисаҳо бунёд карда, ҳаҷми ғунҷоиши дарёҳоро ба таври ҷиддӣ маҳдуд сохтаанд. Пеш аз бунёди обанбори Тӯхтагул низ оби дарёҳои Норин ва Сир дар минтақаи Қазалинскии Қазоқистон дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми бештар аз 700 метри мукааб дар як сония ҷорӣ мешуд ва ин ҳеҷ касро ба ташвиш намеовард. Илова бар ин Қирғизистонро ба тағйир додани маҷрои табиии дарёи Норин гунаҳкор мекунанд. Дар ин масъала бештар худи Ӯзбекистон гунаҳкор мебошад. Зеро ин мамлакат оби дарёҳоро аз меъёр чандин баробар зиёд истифода бурда, сабаби ба вуҷуд омадани фалокати экологӣ дар баҳри Арал гардид. Даъвоҳои Ӯзбекистон ба Қирғизистон дар бораи риоя накардани меъёрҳои байналхалқии истифодаи оби дарёҳои сарҳадгузар ягон асоси воқеӣ надоранд.                  Созишномаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи муштарак ва ҳифзи захираҳои об соли 1992 дар Алмаато аз ҷониби вазирони хоҷагиҳои оби ин мамлакатҳо имзо шуда буд. Баъдан мӯҳлати эътибори созишномаи мазкур дароз карда шуд. Созишнома принсипҳои сотсиалистии тақсимоти обро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки Қирғизистон шартҳои созишномаро қатъан ва пурра иҷро менамояд.                Инчунин, ҷониби Ӯзбекистон даъво мекунад, ки ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон талаботи ҳуҷҷатҳо ва эъломияҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, Муоҳидаи ҳифз ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар ва кӯлҳои байналхалқӣ (Хелсинки, соли 1992); Муоҳидаи ҳуқуқи истифодаи ҳавзаҳои байналхалқии об, ки барои киштиронӣ мувофиқ нестанд, (Ню — Йорк, соли 1997) ва ғайраро ба эътибор намегиранд. Бояд гуфт, ки нуктаҳои муҳимтарини ин ҳуҷҷатҳоро давлатҳои поёноби дарёҳои минтақа сарфи назар менамоянд. Дар натиҷа давлатҳои болооби ин дарёҳо зарари калони моддию маънавӣ мекашанд.                   Дар чунин шароит аз сиёсати гунаҳкор сохтани ҳамдигар ба сиёсати пеш гирифтани роҳҳои оқилонаи истифодаи захираҳои об гузаштан лозим аст, ки талаботу эҳтиёҷоти ҳамаи тарафҳои манфиатдорро қонеъ гардонда тавонад. Барои ин ҳамаи созишномаю қарордод ва эъломияҳои қаблан имзошударо дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз нав дида баромада, дар ин масъала тадбирҳои нав андешидан зарур аст.                        Академик Дюйшен Маматканов                        Ҷумҳурии Қирғизистон                        17 апрели соли 2009.                                                          Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 23, 2009 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид