СОҲИБКОРОНИ КУҲИСТОН ҚАРЗ МЕГИРАНД

Апрель 10, 2009 10:10

              Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Қарздиҳии хурд аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкии мамлакат оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна ба шумор меравад, ки он ба паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат менамояд.               Тавре аз маълумоти фаврӣ бармеояд, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 401,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,8 млн. сомонӣ ё ин ки 4,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 102,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн. сомонӣ ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.             Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 10, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст