ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХРО ТАҲРИФ КАРДАН МУМКИН НЕСТ
Маскав, 20 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Президенти Русия Дмитрий Медведев «Дар бораи ташкили Комиссияи мубориза ба муқобили кӯшишҳои таҳриф намудани таърихи мамлакат бар зарари манфиатҳои Русия» фармон имзо кард. Комиссияи мазкур дар назди Президенти Федератсияи Русия ташкил карда мешавад. Д.Медведев дар арафаи таҷлили Иди Ғалаба изҳор намуд, ки мо солҳои охир торафт бештар шоҳиди таҳриф намудани рӯйдодҳои таърихи мамлакат мегардем. Чунин кӯшишҳо торафт қатъитару бадхоҳона гардида, хусусияти моҷароҷӯй пайдо мекунанд. Аз хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар қадар бештар солҳо гузаранд, шарҳу тавзеҳи воқеаҳои баҳсноки он давра торафт зиёдтар мегардад. Ба ақидаи президент, сабаби ин вазъият ҳамин аст, ки шумораи иштирокчиёни ҷанг торафт кам мешавад. Ба воқеаҳои таърихӣ онҳое баҳо медиҳанд, ки шоҳиди бевоситаи муҳорибаҳои ҷанг набуданд. Мо набояд аз ҳақиқати фоҷиабори ҷанг чашм пӯшем. Аз ҷониби дигар мо намегузорем, ки ҳеҷ кас қаҳрамонии халқҳои шӯравиро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зери шубҳа гузорад, изҳор намуд Д.Медведев.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






