ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН УМЕДВОРИ ДАСТГИРИИ МАМЛАКАТҲОИ МАДАДРАСОН МЕБОШАД

Май 15, 2009 11:13

                        Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Бекназари Бекназар). — 13 май дар Душанбе мулоқоти роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони мамлакатҳои мададрасон баргузор гардид. Дар фарҷоми мулоқот изҳороти муштарак қабул карда шуд.                       Дар он гуфта мешавад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба силсилаи мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидааст, бинобар ин Ҳукумати ҷумҳурӣ хостгори дастгирии мамлакатҳои мададгор мебошад. Ҳадафи ин иқдом то ҳадди имкон кам кардани зарару оқибатҳои бӯҳрон аст. Бо таъсири бӯҳрон вазъи соҳаҳои макроиқтисодӣ торафт ногувортар мегардад. Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар давоми чор моҳи аввали соли 2009 ҳамагӣ 2,9 фоизи ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилиро ташкил дод. Коҳиши истеҳсоли маҳсулот хеле барвақт шурӯъ шуд. Дар ин бобат ҳатто пешгӯйиҳои Хазинаи байналхалқии асъор амалӣ нагардиданд. Вазъияти мазкур асосан ба соҳаҳои молиявӣ таъсири манфӣ мерасонад, Ин натиҷаи кам шудани воридоти пул ба кишвар, коҳиш ёфтани нарх ва кам шудани талабот ба пахта ва алюминий мебошад. Дар давоми семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми содирот 41 фоиз, ҳаҷми воридот 11 фоиз ва воридоти пул бештар аз 30 фоиз кам шуд. Қурби пули миллӣ дар ин давра 14 фоиз паст гардид.                       Дар изҳорот гуфта мешавад, ки кам шудани воридот дар соли 2009 нисбат ба нақшаҳои пешбинишуда 25 фоиз зиёд аст. Ин танзими системаи пулу молияро талаб менамояд. Дар буҷети соли 2009 кам кардани тамоми навъҳои хароҷот ба истиснои соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ карда мешавад.                      Инчунин, дар изҳороти муштарак дар бораи андешидани тадбирҳо барои муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, дастгирии сектори хусусӣ ва расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ сухан меравад.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндагони мамлакатҳои мададрасон аз нашри ҳисоботи махсус дар бораи фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва таҳия намудани нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани тавсияҳои додашуда изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо изҳори умед карданд, ки нақшаи тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи паймонҳои бо Хазинаи байналхалқии асъор бадастомада, иҷро карда мешавад.                       Мамлакатҳои мададрасон нақшаҳои ҳукуматро дар бораи ҳалли проблемаи қарзи соҳаи пахтакорӣ маъқул донистанд. Вале онҳо изҳор доштанд, ки ин масъала бори дигар мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шавад. Мамлакатҳои мададгор инчунин, тадбирҳои ҳукуматро дар бораи озодии интихоби парвариши зироат ва ба ин васила таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ маъқул донистанд.                      Намояндагони мамлакатҳои мададгор хабар доданд, ки имкониятҳои расондани кӯмакро ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд намуд. Вале ҳукумат бояд ҷараёни мӯътадили ислоҳотро хусусан дар соҳаи зироаткорӣ, ҳалли масъалаи қарзи соҳаи пахтакорӣ ва таъмини озодии хоҷагиҳои деҳқониро дар бобати интихоби роҳу усулҳои парвариши зироат таъмин намояд.                      Дар хотима зикр карда мешавад, ки мамлакатҳои мададгор душвориҳои бар асари бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба амаломадаро ба хубӣ дарк менамоянд ва ҳукумат танҳо ба умеди кӯмаки дигарон нашуда, барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрон тадбирҳои судбахш меандешад.   

Май 15, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ