ҶУНБИШИ «ТОЛИБОН» ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОНРО ОГОҲ МЕКУНАД

Май 23, 2009 11:59

                         Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар» — Би — Би — Си). — Роҳбарияти Ҷунбиши «Толибон» Эрон ва Тоҷикистонро огоҳ намуд, ки ҳамкории онҳо бо ИМА ва дастгирии маъракаи ҳарбии муштараки муқобили «Толибон» барои онҳо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Изҳороти мазкур ба воситаи яке аз шабакаҳои телевизионии арабӣ пахш карда шуд. Қиёфаи қироаткунандаи изҳоротро шинохтан мумкин набуд. Ӯ худро Абдулло Васай Оғоҷон Муттасим номид, ки яке аз роҳбарони «Толибон» буда, ба кумитаи сиёсии он дар Афғонистон роҳбарӣ мекунад.                       «Ба мо хабар расид, ки мақомоти Тоҷикистон розӣ шудаанд, ки ИМА ва НАТО қаламрави онро барои интиқоли мол ба Афғонистон истифода баранд. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо ба истифодаи зӯрӣ ва аслиҳа нисбати ислом ва мамлакати ҳамсоя шарик мебошанд», — гуфт Муттасим.                       Намояндаи «Толибон» Ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки аз расондани кӯмак ба маъмурияти Амрико даст кашад. Муттасим зикр накард, ки агар Душанбе ҳамкориро бо мамлакатҳои Ғарб дар масъалаи Афғонистон давом диҳад, чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд.                       Мақомоти расмии Душанбе хабарҳоро дар бораи изҳороти Муттасим шарҳ намедиҳанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳар гуна изҳороти ғайрирасмӣ вокуниш нишон намедиҳад. Бо вуҷуди ин мақомоти дахлдор чунин изҳоротро ба қайд гирифта, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.Ҳукумати Тоҷикистон қабл аз ин розӣ шуда буд, ки ИМА қаламрави онро барои интиқоли молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон истифода барад. Маъмурияти Амрико дар ин масъала бо Маскав ва Тошканд ҳам мувофиқа ба даст оварда буд.

Май 23, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид