«АГРОИНВЕСТБОНК» ҲАҶМИ ҚАРЗҲОИ ХУРДРО БА 100 МЛН. СОМОНӢ МЕРАСОНАД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрел мавриди баррасӣ ва омўзиши ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди бонкҳои тиҷоратӣ гузошташуда, ки аз Паёми мазкур бармеоянд, тадбирҳои мушаххасу зарурӣ меандешад. Дар бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр карданд, ки бо ин мақсад, ҶСК «Агроинвестбонк» нақшаи чорабиниҳои бонкро таҳия намуд, ки дар асоси он воҳидҳои сохтории дахлдори бонк барои дар амал татбиқ намудани он вазифадор карда шуданд. Нуқтаҳои дар Паём зикршуда, бахусус «Бонкҳои тиҷоратӣ ба масъалаҳои ҷалби сармоя, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, бахусус барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини бозгашти қарзҳои додашуда бояд диққати ҷиддӣ диҳанд», дар нақшаи чорабиниҳои бонк ба инобат гирифта шуда, онҳо алалкай зери назорати масъулин қарор доранд. Қобили қайд аст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бо мақсади таъмини рушди соҳибкории хурду миёна соли гузашта дар ҳаҷми 335,8 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо намуд, ки дар муқоиса бо соли 2007 ба маблағи 111,5 миллион сомонӣ ё 49,7 фоиз зиёд мебошад. Дар идомаи ин тамоюли мусбӣ соли ҷорӣ бонк ба нақша гирифтааст, ки пешниҳоди қарзҳои хурдро ба андозаи 100 миллион сомонӣ афзоиш диҳад. Бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ бонк бо якчанд бонкҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, 23 лоиҳаи муштараки инвеститсиониро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, тандурустӣ ва фарҳанг дар ҳаҷми 83,6 миллион сомонӣ амалӣ гардонида истодааст, ки дар доираи онҳо ба корхонаҳои кишвар техникаву технологияҳои ҳозиразамон ворид гардида, бо ин роҳ ба афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва дар ин асос зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат карда мешавад. Илова бар ин, имрӯз ҶСК «Агроинвестбонк» баҳри ҷалби қарзҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо бонкҳои Федератсияи Россия гуфтушунидҳо доир намуда истодааст, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани ин гуфтушунидҳо мушкилоти муҳоҷирон то ҷое бошад ҳам осон хоҳад шуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






