ДАР ШӮРООБОД ҚОЧОҚЧИЁН НОБУД КАРДА ШУДАНД
Шӯрообод, 5 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Шӯрообод бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад аз тарафи қисми низомии 2931-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ чораҳои амалӣ андешида мешавад. Раиси ноҳия Иброҳим Азизов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ задухӯрд бо қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар минтақаҳои марзӣ 4 нафар ба қатл расонида шуданд». Ҳамчунин дар ин муддат аз тарафи сарбозону афсарони қисми низомии мазкур 241 кг 400 грамм канабис, 14 кг афён, 2 адад автомат ва 184 дона тир мусодира гардидааст. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда вазъи сарҳади давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад- афзуд Иброҳим Азизов.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






