ДАСТАГУЛИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 5 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-умин солгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Контраст»-и Душанбе китоби дастҷамъонаи донишмандони тоҷикро таҳти унвони «Очерки таърихӣ ва назарияи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми 3) ба тозагӣ аз чоп баровард. Китоб бо теъдоди 230 адад бо забони русӣ чоп шудааст. Муаллифони асар профессорон Аскаралӣ Раҷабов, Рустам Муқимов ва Муҳаммадраҳим Каримзода мебошанд. Китоб бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Маркази байналмилалии илмии мусиқии мардумони Шарқ (Борбад) нашр шудааст. Дар китоб омӯзиши проблемаҳои фарҳанг (таърих, меъморӣ, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, санъати театрӣ) аз давраи қадим то имрӯз инъикос ёфтааст. Дар ин қисмати китоб омӯзиши масъалаҳои анъана ва идомаи онҳо, хусусиятҳои таърих ва назарияи фарҳанги халқи тоҷик аз нуқтаи назари таърихию фарҳангӣ ва ҳунарӣ мавқеи намоёнро ишғол кардааст. Китоб барои доираи васеи фарҳангшиносон, санъатшиносон, бостоншиносон, мусиқишиносон, театршиносон ва донишҷӯёну устодони донишкадаҳои бахши гуманитарию бадеӣ тавсия карда мешавад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






