ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАК ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ

Май 24, 2009 12:34

ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАК оид ба густариши муиосибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия                       Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия, ки минбаъд Тарафҳо ном бурда мешаванд,                        Бо таъкиди тааҳҳуди худ ба аҳдофу усули Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади ниҳоии Ҳелсинки ва Маншури Париж барои Аврупои Нав ва тааҳҳудоти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,                        Бо эътирофи он, ки сулҳ, демократия ва амният ормонҳои муштараки онҳо мебошанд,                        Бо таъйиди он, ки асли дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муносибатҳоро байни давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо танзим менамояд, ҳамкориро байни халқҳои тоҷику хорват дар заминаи асноди он Созмон меафзояд, ки ин манфиатҳои ҷавҳарии ду халқро ифода карда, кафолати сулҳ тараққиёт ва амният мебошад,                       Бо саъй ба барқарор намудани муносибатҳои сифатан нав ва мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, густариши ҳамкорӣ ва ғайра,                     Ба манзури эҷоди муҳит ва имкониятҳои нав барои тавсиаи мутақобилан судманди муносибатҳо,                     Эълом медоранд:                         Ду Давлат омодаанд, ки дар чаҳорчуби ёдшуда, дар чунин соҳаҳо ба монанди сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, муҳити зист, маориф, кишоварзӣ ва туризм, бо ҳамоҳанг кардани мақомоти салоҳиятдори худ ва ба мақсади бар поя и усул, арзиш ва манфиатҳои муштарак таҳия намудани сиёсатҳо ҳамкорӣ кунанд.                        Тарафҳо ҳамкории дуҷонибаро бар пояи усули пазируфтаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ҳар ду давлат, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар ва тааҳҳуд ба арзишҳои демократӣ густариш медиҳанд.                        Тарафҳо таъйид менамоянд, ки ҳамкории устувор байни ду кишвар омили мусбат барои нигоҳ доштани сулҳу субот мебошад. Онҳо инчунин аҳамияти ҳалли масъалаҳоро аз тариқи гуфтугӯи мусолиматомез муҷаддадан таъйид менамоянд.                        Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро ба кушишҳои Ҷумҳурии Хорватия ва Ҳукумати он ҷиҳати ташвиқ ва таҳким додани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дар минтақа таъкид менамояд.                         Ҷумҳурии Хорватия ҷонибдории худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати он дар кӯшишҳои он ҷиҳати таҳким додани демократия ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ изҳор медорад.                            Тарафҳо аҳамияти ҳамкории иқтисодиро байни ду давлат эътироф мекунанд. Қapop шудааст, ки он ҳамкорӣ аз тариқи ташвиқи ниҳодӣ бештар мавриди мусоидат қарор гирад. Бо таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, салоҳ дониста шуд, ки ҳамкорӣ дар ин бахш низ оғоз гардад. Тарафҳо зарурати ташвиқи корхонаҳои муштарак ва сармоягузориро дар Тоҷикистон ва Хорватия таъкид мекунанд.                          Тарафҳо омодагии худро ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, васоити ахбори омма, варзиш, туризм, муҳити зист ва тандурустӣ изҳор менамоянд. Тарафҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму фанноварӣ аҳамият медиҳанд.                         Тарафҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона, қочоқи маводди мухаддир, одамон ва силоҳ таъкид менамоянд. Тарафҳо фикри мубодилаи иттилоотро дар ин соҳа ҷонибдорӣ карда, барои таъмин намудани субот, амнияти минтақави Ба байналмилали тадбирҳо меандешанд.                       Тарафҳо кушишҳои байналмилалиро ҷиҳати эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон, таҷдид ва барқарорсозии он, расонидани ёрии башардустона ва техники, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва силоҳ, мусоидат ба амният ба шукуфои дар ин кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамоянд.                         Президенти Ҷумҳурии Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо таъкиди сипос аз истиқболи самими ва карами меҳмоннавози, даъват намуд, то аз Ҷумҳурии Хорватия боздиди расмии ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватро бо камоли сипос пазируфт. Тафсилоти боздид аз тариқи каналҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.            ПРЕЗИДЕНТИ                                                                                     ПРЕЗИДЕНТИ     ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                                                        ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ         ЭМОМАЛӢ РАҲМОН                                                                         СТЕПАН МЕСИЧ

Май 24, 2009 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд