ИМЗОИ ҲУҶҶАТҲОИ МУҲИМ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Душанбе маросими имзои созишномаи ҳамкории ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҳифзи тартиботи қонун, инчунин, меморандуми ҳусни тафоҳуми ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ислоҳоти фаъолияти мақомоти худидораи маҳаллӣ баргузор гардид. Ҳуҷҷати аввалӣ расондани кӯмаки иловагии Ҳукумати ИМА — ро ба Ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 9 миллиону 426 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ менамояд. Ин маблағ барои амалӣ сохтани барномаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла, милиса, тармиму таҷдиди посгоҳҳои сарҳадии Мурғоб, Қулма ва Қизил — арт, инчунин, гузаронидани машқу машғулиятҳо, амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба қонунгузории ҷиноӣ ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Инчунин, барои иҷрои барномаҳои такмили қонунгузории ҷиноӣ, такмили маҳорати вакилони дифоъ, прокурорҳо, судяҳо ва тайёр кардани кормандон барои мақомоти корҳои дохилӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Ин ҳуҷҷатҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон имзо намуданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






