КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ БА ЗАРАРДИДАГОН

Май 7, 2009 11:13

                    Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва кӯмакпулии якдафъаина ба оилаҳое, ки аз боришоти боронҳои зиёд ва фаромадани ярч хонаҳояшон зарар дидааст, фармоиш имзо намуд.                    Мутобиқи ин фармоиш 377 450 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад, ки ба ҳар як оилаи ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон, ки хонаҳояшон дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани ярч пурра ва ё қисман зарар дида буд, тақсим карда мешавад. Ба ҳар як оилаи зарардида 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок ва вобаста ба андозаи зарар аз 150 то 650 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад.                     Вазорати молия, Бонки давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ вазифадор гардиданд, ки дастрас кардани маблағҳои мазкурро ба оилаҳои зарардида таъмин намоянд.                     Хотиррасон мекунем, ки шаби 21 — ум ба 22 — юми апрели соли равон дар ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани ярч 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шуда буд.                      Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндагӣ мекардаанд, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 7, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад