КОРХОНАИ НАВБУНЁД
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар вазорати Энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифии лоиҳа дар бораи сохтмони маркази барқу гармдиҳи ва заводи коркарди ангишт «Сайёд» дар ноҳияи Ваҳдат баргузор гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони ширкати «ТосЭЭ» Муҳандиси Ҷумҳурии Исломии Эрон намояндагони ширкати ҶММ Ресурс Нефть Пром» Федератсия Россия ва намояндагони ширкати ҶММ «Ширкати Тиҷоратии Сайёд» ҶТ иштирок доштанд. Мақсади асосии ин ширкатҳо дар якҷоягӣ дар заминаи кони ангишт сохтани нерӯгоҳи барқи ҳарорати мебошад.Агар ин лоиҳа дар амал татбиқ шавад дар як сол 100 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда мешавад. Қуваи тавоноии барқиву ҳарорати 45-50 мВт ташкил дода, барои сохтани ин иншоот 60 миллион евро ҷудо карда мешавад. Агар ин иншоот бо пурра ба истифода дода шавад, 1000 нафар соҳиби кор мешаванд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






