МАҶЛИСИ НАХУСТИНИ ШӮРОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Май 23, 2009 13:18

                       Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 21 май дар Минск маҷлиси нахустини Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид.                        Вазифаи Шӯро омӯзиши вазъият, тамоилот ва нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳия ва иҷрои барномаҳои муштараки варзишӣ, ташкили тадбирҳо барои солим гардондани ҷомеа, омода сохтани захираи кадрҳо барои соҳаи варзиш, рушди ҳаракати олимпӣ, ташвиқу тарғиби варзиш ҳамчун воситаи самарабахши пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, ба таҳияю иҷрои барномаҳои миллӣ дар соҳаи варзиш мусоидат менамояд. Дар маҷлис вазири варзиш ва туризми Белорусия А.В.Григоров раиси Шӯро интихоб шуд.                       Иштирокчиёни он масъалаҳои рӯзномаро муҳокима карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Аз ҷумла, қарор дода шуд, ки барои такмили лоиҳаи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар бораи гузаронидани мусобиқаи байналхалқии футбол барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика гурӯҳи корӣ ташкил дода, ба он аз ҳар давлати иштирокдори созишнома як нафарӣ намоянда шомил карда шавад. Маҷлиси нахустини гурӯҳи корӣ моҳи сентябри соли равон гузаронида мешавад. Ба Федератсияи футболи Русия пешниҳод карда шуд, ки низомномаи гузаронидани мусобиқаи футболро барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика таҳия созад.                     Инчунин, масъалаи иштироки намояндаи Конфедератсияи байналхалқии созмонҳои варзишӣ дар маҷлиси Шӯро ва нақшаи фаъолияти Шӯро дар давоми ду соли оянда муҳокима карда шуданд.                      Намояндагони Арманистон ва Тоҷикистон дар маҷлис ҳамчун мушоҳид ширкат варзиданд.  

Май 23, 2009 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад