МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЙЁРӢ БА МУЛОҚОТИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ

Май 20, 2009 11:21

                        Маскав, 20 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин 19 май дар Маскав бо раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил С.Лебедев мулоқот кард. Онҳо масъалаҳои тайёриро ба маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ намуданд, ки 22 май дар Остона баргузор мегардад.                        С.Лебедев зикр намуд, ки дар маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳои муҳим муҳокима карда мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо ривоҷ додани ҳамкории мамлакатҳои Иттиҳодро дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амният пешбинӣ менамоянд. Яке аз онҳо нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали барномаи стратегии рушди иқтисодӣ мебошад. Нақшаи мазкур тадбирҳои мушаххасро дар бобати густариши ҳамкорӣ пешбинӣ мекунад. Коршиносони мамлакатҳои ИДМ нақшаро дар давоми бештар аз ним сол таҳия намуда, дар он оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро ба назар гирифтанд. Тадбирҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки оқибати бӯҳрон бо ҷидду ҷаҳди муштарак бартараф карда шавад.                         С.Лебедев афзуд, ки дар маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо, инчунин, нақшаи хамкории гуманитарӣ баррасӣ карда хоҳад шуд. Онро роҳбари Шӯро Поллиева Ҷаҳон Раҷабовна ба иштирокчиёни маҷлис пешниҳод менамояд.                         Аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлиси сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳайатҳои 11 давлат ширкат меварзад. Дар он намояндагони Гурҷистон иштирок намекунанд.

Май 20, 2009 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад