МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ИБРОҲИМ АБДУЛАЗИЗ АЛ-АССОФ

Май 20, 2009 15:14

                       Душанбе, 20 май. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шаҳри Ар-Риёз 19 май, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири молия ва раиси Фонди саудӣ оид ба тараққиёт Иброҳим Абдулазиз ал-Ассоф мулоқот анҷом дод.                        Ҳамрохон Зарифӣ ва Иброҳим Абдулазиз ал-Ассоф дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҷараёни сӯҳбат ба сармоягузории Фонди саудӣ оид ба тараққиёт ба мақсади амалӣ шудани баъзе лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид.                     Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби саудӣ дар бораи имконоти Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла, силсилаи нерӯгоҳҳои барқии дарёи Вахш — Нораку Роғун, роҳҳои таҳвили барқ ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистону Покистон, ҳамчунин имконоти тиҷорати байни ҳарду кишвар аз тариқи Эрон, (Бандар Аббос) маълумоти муфассал гирифт.                    Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби саудӣ нисбати амалӣ шудани 7 лоиҳа дар Тоҷикистон аз ҷониби ин Фонд — роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, дармонгоҳи модару кӯдак дар Хуҷанд, 5 мактаби миёна дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ намуд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти итилооти ВКХ ҶТ хабар доданд.

Май 20, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд