НАХУСТИН СОМОНАИ РАСМИИ ТОҶИКИЮ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛ ГАШТ

Май 18, 2009 10:13

                     Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шабакаи Интернет нахустин сомонаи расмии тоxикии динию маърифатӣ, аз санаи 12-уми май фаъол гашт. Он www.islom-sughd.tj унвон дорад. Дар ин сомона ба забони тоҷикӣ оид ба масъалаҳои ақида, тафсир, фиқҳ, Абӯҳанифашиносӣ ва амсоли ин бахшҳо ҷой дода шудааст. Барои хонандагон махсусан бахши савол ва фатвоҳо ҷой дода шудааст, ки метавонанд, мустақиман бо маъмурияти сайт дар тамос шуда ба саволҳои худ посух гиранд.                   Тавре ба АМИТ «Ховар» сардабири сомонаи номбурда Ислом Раҳимов, хабар дод, алҳол корҳои ворид кардани мавод ба сомона идома дорад ва то охири моҳи май пешорӯи хонандагон китобхонаи мукаммали электронӣ оид ба масъалаҳои динӣ арзи ҳастӣ хоҳад кард.                  Сомона дар назди Шӯрои уламои дини вилояти Суғд фаъолият мебарад.  

Май 18, 2009 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ