ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ИШТИРОКЧӢ ДАР «ПАНҶ СИТОРА- ИНТЕРВИДЕНИЕ»

Май 5, 2009 11:51

               Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Иттифоқи композиторони ҶТ бо мақсади ҷустуҷў ва дастгирии сарояндагони ҷавони боистеъдоди мусиқии оммавӣ, ривоҷу равнақи санъати сарояндагӣ ва барои интихоби намояндаи ҷумҳурӣ дар озмуни байналмилалии мусиқии маъмули кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия «Панҷ ситора. Интервидение» озмун эълон мекунад.              Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, озмун дар ду давра гузаронида мешавад. Давраи якум: комиссияи интихоби миллӣ 10 нафар довталабон ё гурўҳҳоро барои иштирок дар озмун интихоб менамояд. Давраи дуюм: Аъзои ҳакамони касбӣ ҳамроҳи комиссияи интихоби миллӣ аз байни 10 нафар ё гурўҳҳо, 1 нафар ё гурўҳро барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ муайян мекунанд. Озмуни мазкур дар яке аз толорҳои консертӣ 19 ва 20 июн гузаронида мешавад ва аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ инъикос карда мешавад.             Дар озмун метавонанд сарояндагони ҷавон, ки дар соҳаи мусиқии маъмул фаъолият мекунанд, асарҳои дар жанрҳои «суруди эстрадӣ», «суруди рақсӣ», «суруди дар жанри рок», «суруди фолклорӣ (халқӣ)», дар самтҳои «соло», «дуэт», «ансамбл», ки дар тонстудияҳои касбӣ сабт карда шудаанд, иштирок кунанд.            Дар самтҳои «ансамбл» гурўҳҳое иҷозат дода мешаванд, ки аз 5 нафар иборат мебошанд. Довталабоне, ки синну солашон аз 16 то 30 сола аст, дар озмун ҳуқуқи иштирок карданро доранд.            Довталабон ба комиссияи интихобии миллӣ сабти фонограммаҳои худро, репертуари сурудҳои ба озмун пешниҳодшударо — номи суруд, номи оҳангсоз, шоир, продюсер ва дигар маводҳои заруриро то 10 июни соли ҷорӣ пешниҳод карда метавонанд. Иштирокчиёни озмун се сурудро — суруди тозаэҷод (муаллифӣ ё аз худи иштирокчии озмун) ба забони тоҷикӣ, суруди «Ретро Хит» (суруди шлягерҳои асри ХХ) бо забони русӣ ва суруди «Хити ҷаҳонӣ» (Мировой хит) асари мусиқии ба оммаи васеъ шинос аст, ба забони аслӣ бо истифодаи фонограммаи нопурра метавонанд иҷро кунанд.

Май 5, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд