РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНСОЗИИ ДУШАНБЕ АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ ШУД

Май 26, 2009 14:00

                       Душанбе, 26 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе А. Отабеков дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, аз вазифа сабӯкдӯш гардид. Ҳамзамон бо сабаби нуқсонҳо дар фаъолияти корӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе С. Раҳимова, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ш. Исломов, раиси Кумитаи омори шаҳри Душанбе А. Насриддинов ва мудири шӯъбаи протоколӣ ва умумии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе А. Шарипов танбеҳ эълон гардид.                        Тибқи иттилоъи котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, сабаби аз вазифа сабукдӯш гардидан ва танбеҳ додан ба шахсони дар боло зикршуда ин бемасъулиятӣ ва вуҷуд доштани нуқсонҳо дар фаъолияти кори онҳо мебошад. Ҳамзамон, дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр масъалаҳои муҳими хоҷагидорӣ ва омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар пойтахт дар асоси гузориши масъулини соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                        Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони дигар субъектҳои хоҷагидори дахлдорро дар ин самт ба он нигаронид, ки иҷрои вазифаҳои таъинотиро дар мӯҳлати муқарраршуда таъмин сохта, ҳолати баррасии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқию воқеии унвонии шаҳрдорӣ ва ноҳияҳо воридшударо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.  

Май 26, 2009 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид