ШАБИ ЭҶОДИИ Ш. САЙФУДДИНОВ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-5 май дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо шаби эҷодӣ бахшида ба 80-солагии оҳангсози номии тоҷик Шарофиддин Сайфуддинов баргузор мегардад. Шаби эҷодӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ташкил карда мешавад. Дар он намояндагони зиёиёни мамлакат, дӯстону шогирдон, ҳамкорон, ҳамсинфон ва аҳли оилаи оҳангсоз иштирок менамоянд. Иштироккунандагон дар бораи ҳунар, зиндагӣ ва фаъолияти оҳангсоз Ш. Сайфуддинов сухан меронанд. Ҳунармандон дар ҷамъомад аз асарҳои Ш. Сайфуддинов намунаҳо иҷро хоҳанд кард. Хотиррасон мекунем, ки Шарофиддин Сайфуддинов Ходими намоёни санъати Тоҷикистон ва муаллифи нахустин операи миллӣ- «Пулод ва Гулрӯ» мебошад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






