ШАШ ҲОДИСАИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ХУД ДАР СУҒД.
Душанбе, 5 май. (АМ ИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Суғд аз 6 ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони худ ду нафарашон аз марг наҷот дода шудааст. Чунон ки аз маркази матбуоти Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, сину соли онҳое, ки ба ҷони худ сӯиқасд кардаанд аз 13 то 38 сола мебошанд. Сӯиқасдҷиёни худкушӣ истиқоматкунандагони ҷамоати Шарипови ноҳияи Конибодом, ҷамоати Айнии ноҳияияи Айнӣ, ноҳияи Спитамен, ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ буданд. Аммо хонандаи синфи 6-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сокини 17 солаи шаҳри Табошар бо ёрии падару модарашон аз марг наҷот ёфтанд. Дар прокуратураҳои ноҳияҳои номбурда сабабҳои ба худкушӣ даст задании шахсони ба марг расида тафтиш карда мешавад.