ШАШ ҲОДИСАИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ХУД ДАР СУҒД.

Май 5, 2009 11:07

               Душанбе, 5 май. (АМ ИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Суғд аз 6 ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони худ ду нафарашон аз марг наҷот дода шудааст.              Чунон ки аз маркази матбуоти Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, сину соли онҳое, ки ба ҷони худ сӯиқасд кардаанд аз 13 то 38 сола мебошанд. Сӯиқасдҷиёни худкушӣ истиқоматкунандагони ҷамоати Шарипови ноҳияи Конибодом, ҷамоати Айнии ноҳияияи Айнӣ, ноҳияи Спитамен, ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ буданд. Аммо хонандаи синфи 6-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сокини 17 солаи шаҳри Табошар бо ёрии падару модарашон аз марг наҷот ёфтанд.            Дар прокуратураҳои ноҳияҳои номбурда сабабҳои ба худкушӣ даст задании шахсони ба марг расида тафтиш карда мешавад.

Май 5, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд