ЗАРАРИ БОРИШОТИ ТӮЛОНӢ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Боронҳои тӯлонии рӯзҳои охир ба иқтисодиёти мамлакат зарари калон расонд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Варзоб дар натиҷаи фуромадани сангу хок ва тарма 4 километр роҳи мошингард дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ хароб гардид. Рафту омади нақлиёт дар ин ҷо айни ҳол қатъ гардидааст. Бар асари омадани сел дар деҳаи Тошбулоқи ҳамин ноҳия ҳафт хоҷагии шахсӣ зарар дид. Соҳибони ҳавлиҳо ба ҷои бехатар кӯчонда шуданд. Дар ноҳияи Восеъ сатҳи оби дарёи Яхсу баланд шуда, 15 қитъаи заминро зер кард. Дар ҷамоати Лоҳури Эсанбой қитъаи калони роҳи мошингард ва се кӯпрук хароб гардид, дар ҳамин ҷо 500 метр роҳ дар зери хоку санг монд. Дар ноҳияи Шаҳринав низ сатҳи оби дарёи Қаротоғ баланд шуда, қитъаҳои замини наздисоҳилиро пахш намуд. Чунин вазъият дар ноҳияи Қубодиён низ мушоҳида мешавад. Бисёр маҳалҳои аҳолинишини минтақаи кӯҳистони ноҳияҳои Мӯъминобод ва Панҷ ҳам бар асари омадани сел зарар диданд. Хабар дода мешавад, ки бегоҳии дирӯз дар яке аз қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе — Норак сангрезии шадид ба амал омад. Дар ҳамаи ин маҳалҳо барои бартараф сохтани оқибати фалокат ситодҳои махсус ташкил карда шуданд.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






