БОЗ ЯК ҚОЧОҚЧӢ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 27 июн дар майдони ҳавоии пойтахт кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар қочоқчии маводи нашъадорро дастгир карданд, ки мехост миқдори зиёди маводи нашъадорро дар меъдааш ба Русия барад. Аз Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз меъдаи сокини 23-солаи ноҳияи Варзоб 50 ғилофак бароварда шуд, ки вазни умумии бори он қариб 400 грам буд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






