ДАР ДУШАНБЕ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗӢ ШУРӮЪ ШУД
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналхалқии мубориза алайҳи маводи нашъаовар ва солгарди таъсисёбии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ мусобиқаи шоҳмотбозӣ зери шиори «Ҳаёт идома дорад…» оғоз гардид. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи шоҳматбозӣ зери шиори «Ҳаёт идома дорад…» аз 20 то 24 июн дар Вазорати тандурустӣ идома меёбад. Инчунин тақдими мукофотҳо ба ғолиби шиори беҳтарини чорабинӣ, ғолибони озмуни варзишии шоҳмотбозӣ, ғолибони барномаҳои радио ва телевикторина ва иштирокчиёни беҳтарин сурат мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






