ДАР ХУҶАНД ПУЛИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» ИФТИТОҲ ЁФТ
Пули нави 427 метраи назди шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пули "Ваҳдати миллӣ" номгузорӣ карда мешавад.Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию сурур ва дилхушиҳои аҳли ҷамоа истиқбол гирифтанд. Ифтитоҳи пули азими 427 — метра, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бунёд ёфтааст, аз тантанаҳои нахустини идона дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ гашт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин пули азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва тунелҳо, ки дар тамоми гӯшаю канорӣ мамлакат бо суръат ва сифати баланд идома дорад, рӯз ба рӯз ба марраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мешавад. Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин пул дар болои дарёи Сир аз ҷониби Ширкати сохтмони ро? ва пул?ои ?ум?урии Мардумии Чин (Чайна Роуд) мо?и сентябри соли 2007 о?оз ёфта буд. Бари умумии кӯпрук 10 метр ва ?исми мошингардаш — 8 метр буда, аз ду тараф ба андозаи 1 метрӣ роҳи пиёдагард дорад. Пули мазкур яке аз 15 кӯпрук?оест, ки мутоби?и лои?аи та?диди ро?и автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар қитъаи №4 бо харҷи 14,7 млн. доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пешниҳод намуд, ки пули мазкур пули Ваҳдати миллӣ номгузорӣ карда шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






