ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД МАРКАЗИ ВИЛОЯТИИ ТАБОБАТИ БЕМОРОНИ ДИЛУ РАГ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд маросими ба истифода додани Маркази вилоятии табобати беморони дилу раг баргузор мегардад. Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тибии вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Ўктам Бобохоҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маросими ба истифода додани маркази мазкур Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Марказ барои табобати 30 бемор пешбинӣ шуда, дар он 50 нафар духтурон ва хоҳарони шафқати варзида кор мекунанд. Марказ дар соҳили дарёи Сир дар масоҳати 12 гектар бунёд карда шудааст. Дар атрофи бинои он бештар аз 850 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд. Ин маркази табобатӣ аз ҳисоби буҷет бо тамоми асбобу анҷоми навтарин муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар он ҳуҷраҳои табобати беморӣ бо гиёҳҳои шифобахш, физиотерапия ва табобат бо навъҳои гуногуни варзиш фаъолият хоҳанд кард.








Имрӯз дар доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






