ДАР СУҒДУ ХАТЛОН ДУХТУРОНРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Суғду Хатлон бозомӯзии шашмоҳа барои 35 нафар духтур ва 93 нафар ҳамшираи тиббӣ ба роҳ монда шудааст, — иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова. Ин бозомӯзон дар Марказҳои клининкӣ-омӯзишии Суғду Хатлон дар муддати 6 моҳ таълим гирифта, пас аз супоридани имтиҳоноти 2 даврагӣ, соҳиби борхалтаҳои тиббӣ ва сертификати духтур ва ҳамшираи тибби оилавӣ мегарданд. Айни замон Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ аллакай 183 духтур ва 453 ҳамшираи тибби оилавӣ бозомӯзондааст, ки аз нақшаи дар пешгузоштаи лоиҳа зиёдтар мебошад.








ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






