ДАВЛАТИ ЧИН ДАР ҲАМКОРӢ СОДИҚ АСТ

Июнь 22, 2009 11:33

                  Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзинтао дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Петербург баргузор гардид, иброз дошт, ки барои раҳоӣ аз бӯҳрони молиявӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 10 млрд. доллар ҷудо хоҳад кард. Ху Тзинтао таъкид намуд, ки танҳо ҳамкорӣ дар доираи чаҳорчӯбаи созмони мазкур метавонад моро аз бӯҳрони молиявӣ наҷот диҳад. Ҳоло суръати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳонӣ ба дараҷаи аълои худ расидааст. Дар як қатор давлатҳо бошад, иқтисодиёт фалаҷ гардида, оқибатҳои онро пешгӯӣ кардан мушкил аст.                  -Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имкони пешгирии онро доранд, ман ба ин итминон дорам,- иброз дошт раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саммити Созмони Ҳамкорихои Шанхай дар Петербург.                 -Дар сурати аз ин маблағ ҷудо шудани 1 млрд. доллар ба Тоҷикистон иқтисодиёти он зарар нахоҳад дид, — иброз дошт иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров.  

Июнь 22, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид