ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ДАР АФКОРИ ИМОМИ АЪЗАМ

Июнь 19, 2009 14:51

                   Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам конфронси илмӣ дар мавзўи «Аҳамияти осори Имоми Аъзам дар худшиносии миллӣ»-ро дар Китобхонаи миллӣ доир мекунад.                    Дар кори конфронс меҳмонон ва намояндагони сохторҳои зикргардида иштирок намуда, дар мавзўҳои «Аҳамияти эълом доштани соли бузургдошти Имоми Аъзам дар тақвияти худшиносии миллӣ», «Аҳамияти ақидаҳои Имоми Аъзам дар раванди гуфтугўи тамаддунҳо», «Инъикоси масоили ваҳдату ягонагӣ дар афкори Имоми Аъзам» ва «Аҳамияти мероси Имоми Аъзам дар тарбияи маънавии ҷавонон» баромад хоҳанд кард.                    Бояд ёдрас шуд, ки Раёсати Китобхоани миллии ба номи А. Фирдавсӣ чунин конфронсҳоро пештар низ бо иштироки олимону профессорон, донишҷўёну намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ баргузор карда буд.                   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Июнь 19, 2009 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд