ИЗҲОРОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВКД-И ҶТ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 17 июн, тахминан соти 20:00, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Сино, хонаи рақами 8-и шаҳри Душанбе собиқ вазири корҳои дохилии кишвар Маҳмадназар Солиҳов, бо таппончаи тамғаи Макаров даст ба худкуши зад. Қобили зикр аст, ки таи чанд моҳи охир М. Солиҳов барои додани нишондод вобаста ба фаъолияти худ дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноии куштори командири отряди таъиноти махсуси ВКД-и ҷумҳурӣ Олег Захарченко, сӯистифода аз мансаби хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ, пинҳон намудани ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кормандони алоҳидаи милиса содир шудаанд, ба таври расмӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба даъват карда шуда буд. Аммо М. Солиҳов ҳамаи ин даъватҳои тафтишотро рад намуда бе сабаб ҳозир нашуд. Бинобар ин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи маҷбуран ҳозир намудани Маҳмадназар Солиҳов қабул кард, вале ӯ боз ҳам ба ҳузури тафтишот наомад. 17 июн нисбати Маҳмадназар Солиҳов, ки мансаби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол карда, дар давраи фаъолияти корӣ ҷинояти муқобили манфиатҳои хизмати давлатиро содир кард, бинобар мавҷудияти далелҳои кофӣ, қарор дар бораи чораи пешгирӣ намудан, дар шакли ҳабси пешакӣ қабул карда шуд. Ҳангоми татбиқи ин қарор Маҳмадназар Солиҳов даст ба худкушӣ мезанад. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






