КЎМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Намояндаи муваққатии ваколатдори Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Шарлот Адриан ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз 139 компютер, ҳамин қадар дастгоҳи чопи лазерӣ ва асбобу анҷоми дигари зарурии барномасозӣ тӯҳфа намуд. Маблағи умумии кӯмак 150 ҳазор евро мебошад. Компютерҳо дар байни муассисаҳои молиявӣ тақсим карда мешаванд. Онҳо ба муассисаҳои маҳаллии хазинадорӣ имкон медиҳанд, ки ҳисоботи молиявиро ҳар рӯз ба муассисаи марказии хазинадории ҷумҳурӣ фиристанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






