МАҲФИЛИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ХОРУҒ

Июнь 26, 2009 12:10

                         ВМКБ, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Чанде қабл, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ маҳфили «Забони русӣ ва мо» баргузор гардид. Маҳфил бо ибтикори Бунёди рӯшди русиягии Пажӯҳишгоҳи Авруосиёӣ ва донишҷӯёни риштаи забони русии факултаи филологияи донишгоҳ рӯи кор омад. Дар маҳфил сухан аз муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Русияву Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон рафта, доир ба ин шеъру таронаҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ аз ҷониби донишҷӯён садо дод.                          Устоди донишгоҳ Алигул Раҷаббеков баргузории чунин маҳфилро муносибати волои Тоҷикистону Русия арзёбӣ карда, қайд кард, ки дар тӯли чанд соли гузашта бо кӯмаки сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон ба ихтиёри донишҷӯёни Донишгоҳ теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ ирсол гардиданд.                           Аҳмад Хуҷамов- донишҷӯи соли севвуми бахши русии ҳамин донишгоҳ баргузории чунин маҳфилро рушди малака, забондонӣ арзёбӣ кард.

Июнь 26, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст