МАҶЛИСИ ШЎРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ
Кишинев, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Имрӯз дар шаҳри Кишинев маҷлиси 42-юми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад. Дар он 14 масъала, аз ҷумла лоиҳаи созишномаи рушди якҷояи шабакаи роҳҳои нақлиётии байналхалқӣ дар қаламрави давлатҳои Иттиҳод муҳокима карда мешаванд. Созишномаро иштирокчиёни машварати нақлиётии ҳамоҳангсози давлатҳои ИДМ ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ ҳамроҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба муҳокима пешниҳод намудаанд. Дар маҷлис инчунин созишномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи истифодаи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ баррасӣ карда мешавад. Онро Шӯрои энергетикии ИДМ ҳамроҳи Кумитаи иҷроияи Иттиҳод тайёр намудаанд. Дар маҷлиси Шӯрои иқтисодӣ масъалаи ташкили гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкории давлатҳо дар соҳаи сармоягузорӣ дар давраи то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






