МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ХАТМИ ТАҲСИЛ

Июнь 26, 2009 11:32

                         Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 25 июн дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба муносибати хатми таҳсил ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Имсол омӯзишгоҳи мазкурро 70 нафар хатм кард. Онҳо соҳиби унвони ҳарбии лейтенант ва дипломи маълумоти олии ҳарбӣ гардиданд. Акнун афсарони ҷавон барои хизмат ба посгоҳҳои сарҳадӣ, дастаҳои марзбон ва гузаргоҳҳои назоратии сарҳади мамлакат фиристода мешаванд.                          Хатмкунандагонро ба ин муносибат сардори Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, генерал -майор Шералӣ Мирзо, сардори омӯзишгоҳ, генерал-майёр Оллодӯст Ғӯраев, роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва собиқадорони артиши сарҳадӣ табрик намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад расми гузашти низомӣ баргузор гардид.                         Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Донишкадаи олии сарҳадии ҷумҳурӣ мувофиқи қарори Ҳукумати мамлакат соли 2002 таъсис ёфта буд. Донишкада соли 2006 ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ табдил дода шуд. Имрӯз дар ин ҷо мутахассисони маълумоти олидори соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ тайёр карда мешаванд.

Июнь 26, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад