МУҲОКИМАИ ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶЛИСИ ЮНЕСКО
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «ховар», Наргис Бояхмедова).- Аз 22 то 30 июни соли равон дар шаҳри Севили Испания маҷлиси навбатии 33-юми ЮНЕСКО баргузор мегардад. Дар он пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи шомил сохтани Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳистони Помир) ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин маҷлис пешниҳодҳои Қирғизистон ҳам дар ин масъала баррасӣ карда мешаванд. Қайд кардан лозим аст, ки то ҳол ягон ёдгории фарҳангӣ ё табиии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ дохил карда нашудааст. Феҳрасти мазкур аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо 10 ёдгории қадимаи фарҳангиро дар бар мегираду халос. Аз Тоҷикистон дар маҷлиси ЮНЕСКО сармутахассиси шӯъбаи мамнӯъгоҳҳо ва ёдгориҳои таърихию табиии Муассисаи давлатии мавзеъҳои табиии махсус муҳофизашавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Адо Цой иштирок менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






