МУЛОҚОТИ НАХУСТИН ОМБДУСМЕН БО НАМОЯНДАГОНИ СҶ
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Душанбе самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни мулоқоти нахустин Ваколатдор ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқот Зариф Ализода доир ба дурнамои фаъолияти ин мақоми навтаъсис ва нақшаҳои минбаъдаи он дар роҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш дод.Омбудсмен Зариф Ализода зикр кард, ки дар асоси нақшаи сохтор ҳамасола дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ин мақом доир ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон гузоришҳо таҳия мегардад. Дар робита намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ хостори таҳкими робита бо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ ва иштироки худ ҳангоми таҳияи гузоришҳои солонаи он шуданд.Мулоқоти мазкур бо ибтикори дафтари «Ҳуқуқи инсон ва рияои қонун» ва баъзе аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар назар аст, ки вақтҳои наздик мулоқоти нахустин омбудсмени тоҷик Зариф Ализода бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






