НАҚШАҲОИ ХОҶАГӢ УМЕДБАХШАНД
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Кооперативи истеҳсолии хоҷагии деҳқонии (КИХД) ба номи Отаҷон Убайдуллоев дар ноҳия, вилоят ва дар соҳаи кишоварзӣ дар тамоми ҷумхурӣ маълуму машҳур аст. Бояд гуфт, ки баҳори соли гузашта Сарвари Давлат ба ин хоҷагӣ ташриф оварда, бо мардум ошно гардида, ба санъати волои мардуми деҳаи Қатаған баҳои баланд дода буд. Инак, имсол барои хоҷагӣ соли бобарор омад. Бо ҳамроҳии раиси хоҷагӣ Шӯҳрат Абдувалиев ба бригадаи рақами 4-и хоҷагӣ омадем. Сардори бригада Шарифбой Юлдошев дар бораи фаъолияти кишоварзии хоҷагӣ маълумот дод. Онхо дар 37га пахта кишта бо тамоми шароитҳои агротехнологӣ онро парвариш менамоянд.Зироатҳои дигар низ пӯхта расида ҳосилғундорӣ оғоз гардидааст. Онҳо кӯшиш доранд, ки аз 7га помидор 350 сентнери ҳосил ба даст оранд. Ҳосили гандум низ ба дараҷаи аълост, лаблабу,сабзӣ, макка, инчунин боғи зардолузор ва майдони тут ҳосили дилхоҳ дода истодааст. Онҳо мекушанд, ки плану нақшахои худро барзиёд иҷро намоянд. Механизатор Нишонбой Маҳмудов, обчӣ Эргаш Ҷумаев ва аъзоҳои беҳтарин Мақсуда Шерматова, Садоқат Рӯзиева, Зулола Дадобоева пурмаҳсул меҳнат менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






