НАҶОТДИҲАНДАГОН ДУ НАФАРРО НАҶОТ ДОДАНД
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда бо кӯмаки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бар асари ду ҳодиса, ки яке дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре дар шаҳри Душанбе рух дод ду нафар аз марг наҷот дода шуд.Ҳодисаи аввал ҳангоми чаронидани чорво дар доманакӯҳи деҳаи Бурмаи ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ замин фурӯ рафт ва се нафар зери хок монд. Бо огоҳӣ пайдо кардани кормандони қумитаи ҳолатҳои фавқулодда ду нафари он аз марг наҷот дода шуд ва сеюмӣ дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид. Ҳодисаи дуюм дар кӯли ҷавонони пойтахт ба вуқӯъ пайваст: Донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ғарқ гардиданд ва онҳоро дар соати ғарқшавиашон наҷот додан муяссар нагашт ва рӯзи дигар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷисми беҷони онҳоро пайдо карда якеро ба шаҳри Роғун ва дуюмиро ба ноҳияи Айнӣ — ба зодгоҳаш интиқол доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






