НАШЪАҶАЛЛОБОН ЗИНДОНӢ ШУДАНД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аз 9 июни соли 2009, Хуршед Ёрмадов, Саидмаҳмуд Нуров ва Аҳмад Нуров барои содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовари сахттаъсири героин, афюн ва гашиш, ба миқдори махсусан калон (зиёда аз 30 кг), бо мақсади ба каси дигар додан ва контрабанда (қочоқ), гунаҳгор дониста шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилооти Суди Олии ҶТ хабар доданд, барои ин кирдорашон ба Ёрмадов Х. ва Нуров С. ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 23 сол ва ба Нуров А. ҳамин намуди ҷазо ба мӯҳлати 24 сол бо мусодираи молу мулк, бо адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳотии дорои низоми сахт, таъин гаштааст. Ҳамчунин Ёрмаҳмадов Х. ва Нуров С. ба мӯҳлати 5 солӣ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои қудратӣ маҳрум карда шуданд.








ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






